Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ПИРӮЗИИ “ЭСХАТА” БАР “ХУҶАНД”

07.06.2021

: 638

6-уми июн ду бозии мавқуфмондаи марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври ҳаштум дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата” бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва ба ҷои дуюми ҷадвали чемпионат баромад. Дар ҳайати тими “Эсхата” легионери узбекистонӣ Акобир Тураев ду гол зад. Як голи дигарро Рустам Сабуров ба номаш сабт кард. Голҳои тими Хуҷандро Дилшод Бозоров ва Артем Сердюк заданд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври нуҳум бошад, “Равшан” дар Бохтар дастаи “Куктош”-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳар ду голро легионер аз Гана Эффаҳ Кингслей Осей зад.

Бо сабаби иштироки тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои марказонидашудаи марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Ҷопон марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 20-уми июн шуруъ мегардад.

20 июн “Эсхата” бо “Душанбе”, “Файзканд” бо “Хатлон”, 21-уми июн “Истиқлол” бо “Хуҷанд”, “Истаравшан” бо КМВА ва “Куктош” бо “Равшан” вомехӯранд.

   ДАСТАҲО                                        Б        Ғ          М         Б        Т-Т         Х    
 1    "Хуҷанд" (Хуҷанд)  8  5  1  2  17-18  16
 2  "Эсхата" (Хуҷанд)  9  4  2  3  16-14  14
 3  "Хатлон" (Бохтар)  8  3  3  2  9-7  12
 4  "Файзканд" (Восеъ)  8  3  3  2  8-7  12
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  9  3  2  4  10-16  11
 6  "Равшан" (Кӯлоб)  8  2  3  3  10-11  9
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)  8  2  3  3  8-9  9
 8  "Душанбе" (Душанбе)  8  2  3  3  13-16  9
 9  "Истиқлол" (Душанбе)  3  2  1  0  4-1  7
 10    КМВА (Душанбе)  9  1  3  5  9-15  6