Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“СОРО КОМПАНИЯ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021 ОИД БА ФУТЗАЛ

06.06.2021

: 625

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон, клуби “Соро компания”-и Душанбе чемпиони Тоҷикистон, дастаи “Сипар”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, Суперҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзалро ба даст овард.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал 5-уми июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Голҳои тими ғолибро Фирӯз Сангов ва Муҳсин Муҳаммадӣ ба номашон сабт карданд.

Ёдовар мешавем, ки мавсими нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон 19 июн оғоз меёбад. Дар мавсими нав 6 даста иштирок мекунанд: “Сипар” (Хуҷанд), “Соро компания”, “Истиқлол”, “Пойтахт”, “Амонатбонк” (ҳама аз Душанбе) ва «Самандар» (Турсунзода).

Дар даври аввал 19 июн “Истиқлол” бо “Самандар”, “Соро компания” бо “Амонатбонк” ва “Пойтахт” бо “Сипар” вомехуранд.