Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН 19 ИЮН ОҒОЗ МЕЁБАД

02.06.2021

: 640

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии лигаи футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуд.

Дар мавсими нави лигаи касбии футзал 6 даста иштирок мекунанд: “Сипар” (Хуҷанд), “Соро компания”, “Истиқлол”, “Пойтахт”, “Амонатбонк” (ҳама аз Душанбе) ва «Самандар» (Турсунзода).

Тибқи қуръакашии ҷадвали бозиҳо дар даври аввал 19 июн “Истиқлол” бо “Самандар”, “Соро компания” бо “Амонатбонк” ва “Пойтахт” бо “Сипар” вомехуранд.

Тибқи низомнома, дар марҳилаи аввали чемпионат бозиҳо мувофиқи системаи даврӣ дар ду давр – “хона-сафар” доир мегардад. Бо натиҷагирӣ аз марҳилаи аввал, ду дастаи беҳтарин ба нимфинал роҳхат мегиранд. Аз ҳисоби дастаҳои дигар дар даври плей-офф ду иштирокчии дигари нимфинал муайян карда мешавад. Вохуриҳои ин давр аз силсилабозиҳо то 2 ғалаба иборат аст. Сипас бозиҳои нимфинал низ тибқи формати то 2 ғалаба сурат мегиранд.

Ғолибони нимфинал барои унвони чемпионӣ, мағлубон барои медалҳои биринҷӣ талош мекунанд. Бозӣ барои ҷои сеюм аз як вохурӣ, финал бошад, аз силсилабозиҳо то 3 ғалабаи яке аз дастаҳо иборат мебошад.