Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ДУ БОЗИИ МАВҚУФМОНДАИ ДАВРИ ҲАФТУМ ДОИР ГАРДИД

03.06.2021

: 706

2 июл ду бозии мавқуфмондаи даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Хуҷанд”, ки феълан дар садри ҷадвали чемпионат мақеъ дорад, дар бозии хонагӣ бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ягона голро дар дақиқаҳои охири дидор Эҳсон Бобоев зад.

Бозии дигар миёни дастаҳои КМВА – “Равшан”-и Кӯлоб мусовӣ (3:3) анҷом ёфт. Голҳои тими КМВА-ро Шервонӣ Мабатшоев, Комрони Мирзохон, Элчибек Рашидбеков, голҳои тими “Равшан”-ро бошад, Эффаҳ Кингслей Осей, Далер Шомуродов ва Саидамири Саидаҳмад ба номашон сабт карданд.

6-уми июн боз ду бозии дигари мавқуфмонда ба нақша гирифта шудааст. Дар ин рӯз “Эсхата” бо “Хуҷанд” (бозии мавқуфмондаи даври ҳаштум) ва “Равшан” бо “Куктош” (бозии мавқуфмондаи даври нуҳум) вомехуранд.

Ба ғайр аз ин чор бозӣ, боз шаш бозии дигари марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор нашудаанд. То имрӯз танҳо дастаи КМВА ҳамаи бозиҳояшро дар марҳилаи аввал анҷом додааст.


ДАСТАҲО Б    Ғ     М    Б    ТЗ     ТХ     ФТ      Х     
1.  "ХУҶАНД" (ХУҶАНД) 7 5 1 1 15 5 +10 16
2.  "ХАТЛОН" (БОХТАР) 8 3 3 2 9 7 +2 12
3.  "ФАЙЗКАНД" (ВОСЕЪ) 8 3 3 2 8 7 +1 12
4.  "ЭСХАТА" (ХУҶАНД) 8 3 2 3 13 12 +1 11
5.  "КУКТОШ" (РӮДАКӢ) 8 3 2 3 10 14 -4 11
6.  "ДУШАНБЕ" (ДУШАНБЕ) 8 2 3 3 13 16 -3 9
7.  "ИСТАРАВШАН" (ИСТАРАВШАН)         8 2 3 3 8 9 -1 9
8.  "ИСТИҚЛОЛ" (ДУШАНБЕ) 3 2 1 0 4 1 +3 7
9.  КМВА (ДУШАНБЕ) 9 1 3 5 9 15 -6 6
10.  "РАВШАН" (КӮЛОБ) 7 1 3 3 8 11 -3 6