Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҒОЛИБОНИ ҶОМИ КУШОДИ ФТТ МУАЙЯН ШУДАНД

01.06.2021

: 661

Аз 24 то 28 май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кушоди Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасони то 14-сола баргузор шуд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамаи рақобатҳо варзишгарони Узбекистон ғолиб шуданд. Намояндагони Тоҷикистон дар рақобати ҷуфти писарон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Ҷоми кушоди Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон (U-14):

Духтарон
1. Злата Чинова (Узбекистон)
2. Шаҳзода Ортиқбоева (Узбекистон)
3. Эмили Ким (Узбекистон)

Писарон
1. Абдулазиз Усмонҷонов (Узбекистон)
2. Абдураҳмон Ҳоҷибоев (Узбекистон)
3. Нуриддин Бахтиёров (Узбекистон)

Ҷуфти духтарон
1. Шаҳзода Ортиқбоева / Злата Чинова (Узбекистон)
2. Самира Хазиева / Милана Тамашевич (Узбекистон)
3. Эмили Ким / Кейра Ким (Узбекистон)
3. София Хегай (Узбекистон) / Хания Амман Минхас (Покистон)

Ҷуфти писарон
1. Ҷавоҳир Мирзокамолов / Абдулазиз Усмонҷонов (Узбекистон)
2. Нуриддин Бахтиёров / Абдулло Дилшодов (Узбекистон)
3. Сомон Амонов (Тоҷикистон) / Абдураҳмон Ҳоҷибоев (Узбекистон)
3. Амир Сафоев (Узбекистон) / Аҳмадҷон Қосимӣ (Тоҷикистон)

Ин дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон аст, ки соли равон баргузор шуд. Қаблан 17-22 май мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир гардида буд.