Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ ШИРКАТ МЕКУНАД

31.05.2021

: 671

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (футболбозони соли таваллудашон 2003 ва аз он хурд) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Ҷоми миллатҳои араб-2021, ки аз 20 июн то 6 июл дар Миср баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар натиҷаи қуръакашии Ҷоми миллатҳои араб-2021 миёни ҷавонони то 20-сола, мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” ворид гардид. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Марокаш (20 июн), АМА (23 июн) ва Ҷибутӣ (26 июн) ҳастанд.

Дар Ҷоми миллатҳои араб-2021 15 дастаи мунтахаби ҷавонон дар 4 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба плей-офф роҳхат мегиранд. Дар сурате ки тими ҷавонони Тоҷикистон ба чорякфинал барояд, бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “А” вомехурад – Миср, Нигер, Мавритания, Алҷазоир.

Бозии финалии Ҷоми миллатҳои араб-2021 миёни ҷавонон (U-20) 6-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоми миллатҳои араб-2021 миёни ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «А»: Миср, Нигер, Мавритания, Алҷазоир.
Гурӯҳи «В»: Марокаш, ТОҶИКИСТОН, АМА, Ҷибутӣ.
Гурӯҳи «С»: Сенегал, Лубнон, Ироқ, Комор.
Гурӯҳи «D»: Тунис, Яман, Арабистони Саудӣ.

Ҷадвали бозиҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):

1-ум давр
20 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 19:00 бо вақти Душанбе
Марокаш – ТОҶИКИСТОН

2-юм давр
23 июн (чоршанбе)
Оғоз – соати 22:00 бо вақти Душанбе
ТОҶИКИСТОН – АМА

3-юм давр
26 июн (шанбе)
Оғоз – соати 22:00 бо вақти Душанбе
Ҷибутӣ – ТОҶИКИСТОН