Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАҲ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ УЗБЕКИСТОН

31.05.2021

: 716

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Узбекистон оид ба варзиши сабук даҳ медал – 5 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст оварданд.

Мусобиқот 28-29 май дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар он дар баробари варзишгарони Узбекистон дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ширкат карданд.

Медалҳои тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.72, Фаворис Музрапов дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 21.79, Григорий Дерепаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 48.27, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 52.18 ва Ҳусниддин Зарипов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 200 сазовор шуданд.

Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:52.48 медали нуқра гирифт.

Илдар Аҳмадиев, инчунин дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.48 ҷои сеюмро сазовор шуд. Се медали дигари биринҷиро Леонид Пронженко дар масофаи 110 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 15.26, Салим Сайдалиев дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 195 ва Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62.18 ба даст оварданд.