Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИИ РАФИҚОНА МИЁНИ МУНТАХАБҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЙЛАНД МУСОВӢ ШУД

31.05.2021

: 2445

Бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайланд, ки 29 май дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гашт, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо ҳисоби 0:2 мебохт, вале ташаббус ба даст гирифта, тавонист дар охири дидор бозиро мусовӣ кунад. Дар ҳайати мунтахаби мо голҳоро Эҳсони Панҷшанбе ва Ислом Зоиров заданд.

24 май дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ироқ низ бозии рафиқона доир кард, ки бидуни гол (0:0) хотима ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Дубай то 3 июн мемонад ва баъдан барои анҷом додани ду бозии боқимондаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” муқобили мунтахабҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) ба Осакаи Ҷопон сафарбар мегардад.

Бозии рафиқона

Тайланд – ТОҶИКИСТОН – 2:2

Голҳо: Муеанта Суфанат, 50 (1:0). Муеанта Суфанат, 58 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63 (2:1). Ислом Зоиров, 89 (2:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев (Зоир Ҷӯрабоев, 77), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Рустам Соиров, 46), Илҳомҷон Баротов (Шериддин Бобоев, 46, Парвизҷон Умарбоев, 72), Алиҷони Айнӣ (Ислом Зоиров, 46), Шаҳром Самиев.

Сардовар: Султон Муҳаммад Солеҳ (АМА).

29 май. Шарҷа, АМА. Варзишгоҳи Халид ибни Муҳаммад.