Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ФОРУМИ ОЛИМПИЧИЁНИ ҶАВОН ШИРКАТ МЕКУНАНД

29.05.2021

: 856

1-уми июн, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии олимпичиёни ҷавон доир мегардад.

Форум бо ташаббуси Кумитаи олимпии Россия ва дастгирии Комиссияи ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор мешавад.

Дар форум президенти Кумитаи олимпии Россия Станислав Поздняков, мутахассисони РУСАДА, олимпичиёни маъруф, ҳамчунин ҳудуди 200 варзишгари 14-18-сола ширкат менамоянд. Дар баробари варзишгарони Россия, дастаҳои олимпичиёни навраси 7 кумитаи миллии олимпии кишварҳои узви ИДМ ба Масква мераванд.

Аз ҷумла Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дастаи олимпичиёни наврасро дар ҳайати 4 нафар – Оишамоҳ Ҳамидова, Саймуҳаммад Сафоев (аз намуди бокс), Эмилия Холиқова (шиноварӣ), Фирдавси Фаридун (футбол) – бо роҳбарии мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумита, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ба Россия сафарбар мекунад.

Ҳамчунин, варзишгарони наврас аз кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Аврупо имкон доранд дар Форуми байналмилалии олимпичиёни наврас ба таври фосилавӣ иштирок намоянд.

Дар маросими кушодашавии форум суханронии видеоии президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах шунида хоҳад шуд.

“Баланд бардоштани сатҳи саводнокии зидди допингии варзишгарони наврас”; “Рушди дипломатияи варзишӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона байни варзишгарони кишварҳои гуногун” аз мавзӯъҳои асосии Форуми байналмилалии олимпичиёни наврас мебошад.