Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021 МИЁНИ ҶАВОНДУХТАРОН ДОИР МЕШАВАД

29.05.2021

: 789

Таҳти ҳимояи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аввалин мусобиқа дар соли 2021 баргузор мешавад.

Аз 11 то 17 июн дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарони то 20-сола доир мегардад. 5 даста барои унвони чемпионии минтақа талош мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар чемпионат мунтахабҳои бонувони ҷавони Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат менамоянд.

Дар доираи Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарон 10 бозӣ анҷом дода мешавад. Мусобиқа аз рӯи ситемаи даврӣ дар як давр доир мегардад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Чемпионати CAFA-2021 миёни ҷавондухтарон (U-20)

1-ум давр
11 июн (ҷумъа)

Эрон – ТОҶИКИСТОН
Узбекистон – Афғонистон

2-юм давр
12 июн (шанбе)

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Узбекистон – Қирғизистон

3-юм давр
14 июн (душанбе)

Афғонистон – Эрон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

4-ум давр
15 июн (сешанбе)

Қирғизистон – Афғонистон
Узбекистон – Эрон

5-ум давр
17 июн (панҷшанбе)

Эрон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон