Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАҲОДУР ВА ШАББОС НИЗ ДАР ЧО ОИД БА БОКС МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТАНД

БАҲОДУР ВА ШАББОС НИЗ ДАР ЧО ОИД БА БОКС МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТАНД БАҲОДУР ВА ШАББОС НИЗ ДАР ЧО ОИД БА БОКС МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТАНД

29.05.2021

: 822

Ду муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс шуданд.

Муҳорибаҳои мардҳо дар даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс 28 май баргузор шуд.

Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг аз намояндаи Ҳиндустон Шива Тана, Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг аз варзишгари Узбекистон Дилшод Рӯзметов бо қазовати доварон мағлуб гардиданд.

Баҳодур ва Шаббос бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.

Як рӯз қабл варзишгаронамон миёни бонувон низ ду медали биринҷӣ ба даст оварданд: Миҷгона Самадова дар вазни 57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг.

Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва муҳорибаҳои финал 31 май баргузор мешавад.

Намояндагони Узбекистон, Қазоқистон, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Индонезия ба даври финал роҳ ёфтанд.

Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки аз дастгирии молиявии Кумитаи олимпӣ бархурдоранд, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд. Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешавад.