Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛҲОИ БИРИНҶИИ МИҶГОНА ВА ШОИРА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС

МЕДАЛҲОИ БИРИНҶИИ МИҶГОНА ВА ШОИРА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС МЕДАЛҲОИ БИРИНҶИИ МИҶГОНА ВА ШОИРА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС

28.05.2021

: 804

27 май муҳорибаҳои бонувон дар даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс баргузор шуд.

Дар ин давр ду варзишгари тоҷик – Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова муҳориба карда, аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг аз намояндаи Узбекистон Ситора Турдибекова бо ҳисоби 0:5, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг аз варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардиданд.

Миҷгона ва Шоира бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва то 31 май идома меёбад.

Имрӯз - 28 май муҳорибаҳои нимфинал миёни мардҳо баргузор мешавад, ки варзишгарони мо Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муқобили Дилшод Рӯзметов аз Узбекистон ба ринг мебароянд.

Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки аз дастгирии молиявии Кумитаи олимпӣ бархурдоранд, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд. Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешавад.