Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

«РАВШАН», «ИСТИҚЛОЛ» ВА «ХАТЛОН» МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ФФТ-РО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ КАРДАНД

12.02.2021

: 761

11-уми феврал дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи “А” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бе мушкилӣ бар “Мастчоҳ”-и Мастчоҳ бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд. Дар бозии дигар “Истиқлол” бо ҳисоби 2:0 КМВА-ро мағлуб кард.

Дар гурӯҳи “Б”, ки дар он се даста бозӣ мекунад, вохӯрӣ байни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва “Хатлон”-и Бохтар доир шуд. Футболбозони бохтарӣ дар ин бозӣ ба дарвозаи барқчиён 5 голи беҷавоб заданд.

Бозиҳои даври навбатии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи шанбе, 13-уми феврал доир хоҳанд шуд. Дар даври дуюм, дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” бо “Мастчоҳ”, КМВА бо “Равшан”, дар гурӯҳи “Б” Регар-ТадАЗ” бо “Хатлон” вомехуранд.