Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПРЕЗИДЕНТИ “ТОКИО-2020” ИСТЕЪФО ДОД

12.02.2021

: 728

Ёширо Морӣ, пас аз он ки эродҳои ӯ дар бораи занон норозигии ҷаҳониро ба бор овард, аз мақоми президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 истеъфо дод.

Сарвазири собиқи 83-солаи Ҷопон имрӯз дар мулоқот бо Шӯрои “Токио-2020” ва аъзои кумитаи иҷроия истеъфои худро пешниҳод кард.

Акнун зарур аст, ки камтар аз панҷ моҳ пеш аз оғози бозиҳои батаъхирафтода “Токио-2020” сарвари нав пайдо кунад. Интизор меравад, ки ҷойгузини Морӣ баъд аз зуҳри имрӯз тасдиқ шавад.

"Муҳим он аст, ки Олимпиада дар тобистон баргузор шавад, - гуфт Морӣ. - Бояд чунин набошад, ки ҳузури ман ба ин монеа гардад".

Ёширо Морӣ ҳафтаи гузашта, ҳангоми мулоқот бо Кумитаи олимпии Ҷопон дар бораи занон суханоне гуфт, ки норозигии густурдаро ба вуҷуд овард: "Баргузории ҷаласаҳо бо шумораи зиёди занон вақти зиёдро талаб мекунад. Вақте ки шумораи занонро дар шӯрои иҷроия зиёд мекунед, дар назар дошта бошед, ки агар вақти суханрониашон маҳдуд бошад, онҳо дар баёни фикр душворӣ мекашанд, ки нороҳаткунанда аст".

Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо пахши як изҳорот мавқеи ӯро "комилан номуносиб" номид.