Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ГӮШАИ ВАРЗИШ ИФТИТОҲ МЕШАВАД

11.02.2021

: 890

Дар яке аз толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи «Варзиши Тоҷикистон» ташкил мешавад.

Тавре корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, раёсати муассиса барои ташкили гӯшаи комили намоишӣ аз тамоми варзишгарони ҷумҳурӣ, инчунин наздикону пайвандони варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, ки дар қайди ҳаёт нестанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки туҳфа ва ҷоизаҳои дар мусобиқаҳои варзишии дохил ва хориҷи мамлакат (медал, грамота, ҷом, тӯб ва ғайра) бадастовардаашонро ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супоранд.

Ба ин восита боздидкунандагон дар баробари бо таъриху фарҳанги пурғановати ҳалқи тоҷик шинос шудану савияи дониши таърихии худро баланд бардоштан, инчунин метавонанд бо дастовардҳои муҳими соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва варзишгарони номдори мамлакат шинос шаванд. Ҳамзамон, бо ифтихор аз ватани соҳибистиқлолу обод ва шахсони номдори он таассуроти хешро доир ба соҳаи варзиши миллати тоҷик қавӣ гардонанд.

Айни замон дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон як адад камони камонвари номдор Зебунисо Рустамова, инчунин 7 адад мусаввараи офаридаи рассомони номдори ҷумҳурӣ дар мавзуъҳои мухталифи соҳаи варзиш ва 10 ҷоми варзишӣ бо рақамҳои мушаххаси осорхонавӣ ҳифз мешаванд.