Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИШТИРОКЧИЁНИ МАРҲИЛАИ ФИНАЛИИ ҶОМИ ФФТ МУАЙЯН ШУДАНД

05.02.2021

: 781

Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаҳои Душанбе ва Суғд низ анҷом ёфта, ҳамаи ҳашт дастаи марҳилаи финалӣ муайян гардиданд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе 4-уми феврал бозиҳои охирин дар гурӯҳи “А” баргузор гардиданд. Бозӣ миёни дастаҳои КМВА бо “Регар-ТадАЗ” мусовӣ (2:2) анҷом ёфт, “Локомотив-Помир” бошад, “Шоҳмансур”-ро бо ҳисоби 5:2 мағлуб намуд.

Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 “Регар-ТадАЗ” ва КМВА баромаданд. Ду иштирокчии дигари қисми ниҳоӣ “Истиқлол” ва “Барқчӣ” аз гурӯҳӣ “Б” мебошанд.

Вилояти Хатлонро дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021 “Хатлон”-и Бохтар ва “Равшан”-и Кӯлоб муаррифӣ менамоянд. Аз вилояти Суғд дастаҳои “Эсхата-2” ва “Мастчоҳ” ҳуқуи ширкат дар даври ниҳоиро пайдо намуданд.

Марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.