Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШОҲЗОДА АБДУЛАЗИЗ АЛ-ФАЙСАЛ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ОСА ШУД

04.02.2021

: 763

Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) аз интихоб шудани шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд ба ҳайси ноиби президенти ОСА хабар дод.

Шоҳзода Абдулазиз президенти Кумитаи олимпӣ ва вазири варзиши Арабистони Саудӣ, ҳамчунин раиси кумитаи таълимоти ОСА ва узви Кумитаи иҷроияи ОСА мебошад. Ӯ ба вазифаи ноиби президенти ОСА аз тарафи шаҳри мизбони 22-юм Бозиҳои Осиё, ки соли 2034 дар Риёз баргузор мешавад, интихоб шуд.

Шоҳзода Абдулазиз рушди варзиш дар Арабистони Саудиро роҳбарӣ мекунад, барои тамоми кишвар имконият фароҳам меорад, ки ба варзиш машғул шаванд ва ба варзишгарони Саудӣ дар роҳи аз ҳаваскорӣ то варзишгари бонуфуз шуданашон кӯмак кунанд.

Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал, ҳамчунин раиси Ассотсиатсияи федератсияҳои футболи арабӣ, президенти Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ ва узви комиссияи маркетинги Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад.

Президенти ОСА шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ гуфт: “ОСА аз шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд ба ҳайси ноиби нав истиқбол мекунад. Шоҳзода, аллакай ба ҳайси раиси Кумитаи таълимоти ОСА ба Кумитаи иҷроияи ОСА таассуроти бузург гузошт ва мо итминон дорем, ки ӯ ба кори мо дар рушди ҳаракати олимпии Осиё бо эҷодкорӣ ва ғояҳои нав кӯмак хоҳад кард. Ин давраҳо барои варзиши Осиёи Ғарбӣ хеле ҷолибанд ва ҳама бесаброна интизори аввалин Бозиҳои Осиё дар пойтахти Арабистони Саудӣ - шаҳри таърихии Риёз мебошанд, ки соли 2034 баргузор хоҳад шуд".