Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР УРДУН ДАР БОЗИИ ДУЮМИ РАФИҚОНА

06.02.2021

: 763

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бар дастаи Урдун, дар бозии дуюми рафиқона, ки 5 феврал дар Дубай доир шуд, бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Голи ягонаро дар ин дидор дар дақиқаи 79-ум Алишер Ҷалилов зад.

Дар бозии аввали рафиқона чор рӯз пеш Урдун бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Барои тими миллии Тоҷикистон ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Дубай як марҳилаи омодагӣ ба бозии марҳилаи интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон маҳсуб ёфт, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Бозии рафиқона

Урдун – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 79.

Ҳайати Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Ислом Зоиров, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Илҳомҷон Баротов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 76), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 70, Абдулмумин Забиров, 90+3).

5 феврал. Дубай. Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА.