Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқотҳои муовини Президенти КМО Тоҷикистон дар Маскат

16.12.2020

: 917

15 декабр дар ҳошияи 39-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё (OCA), ки имрӯз (16 декабр) дар шаҳри Маскати Уммон баргузор мешавад, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо Президенти ОСА Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, директори генералии ОСА Ҳусейн Ал-Мусаллам, рохбарияти кумитаҳои олимпии Арабистони Саудӣ ва Қатар мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат бо Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла иштироки фаъолонаи ҳайати олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои осиёӣ, мушкилиҳои пешомада дар робита ба пандемияи Covid-19 ва бартараф кардани онҳо баррасӣ шуд.
Дар мулоқот бо директори генералии ОСА Ҳусейн Ал-Мусаллам нақшаи ҳамкориҳо дар чорсолаи 2021-2024 ва истифода аз барномаҳои ОСА дар ин давра, хусусан дастгирии молиявии ОСА ба варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва пешгирии бемории Covid-19 муҳокима гардид.
Абдуллозода Аҳтам, ҳамчунин бо президенти Кумитаи олимпӣ, вазири варзиши Арабистони Саудӣ, президенти Риёз-2030 Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал мулоқот кард. Ҷонибҳо дар масъалаҳои ба тасвиб расонидани созишномаи ҳамкорӣ ва ба ин васила ба роҳ мондани ҷамъомадҳои машқӣ-таълимии дастаҳои мунтахаб дар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Кумитаи олимпии Қатар муносибатҳои ҳамкории кумитаҳои олимпии ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо барои ба роҳ мондани барномаи мушаххаси ҳамкорӣ ба мувофиқа расида, дар мавриди баргузории машқҳои дастаҷамъонаи варзишгарон, рушди кӯмакҳои техникӣ ва эмгузаронии варзишгарони тоҷик ҷиҳати пешгирии пандемияи Covid-19 суҳбати судманд анҷом доданд.
Ҷаласаи 39-уми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё имрӯз дар шаҳри Маскати Уммон баргузор мешавад, ки дар он шаҳр-мизбони Бозиҳои Осиё-2030 интихоб мегардад. Барои ноил шудан ба ин мақом ду шаҳр – Риёз (Арабистони Саудӣ) ва Доҳа (Қатар) муддаӣ мебошанд.