Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рустами Эмомалӣ аз нав президенти ФФТ интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ аз нав президенти ФФТ интихоб шуд Рустами Эмомалӣ аз нав президенти ФФТ интихоб шуд Рустами Эмомалӣ аз нав президенти ФФТ интихоб шуд Рустами Эмомалӣ аз нав президенти ФФТ интихоб шуд Рустами Эмомалӣ аз нав президенти ФФТ интихоб шуд

16.12.2020

: 976

Дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор ва Рустами Эмомалӣ барои давраи чорсолаи оянда аз нав президенти ФФТ интихоб шуд.

Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regenсy” сурат гирифт.
Пас аз сухани муқаддимавии президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва интихоби гурӯҳҳои кории конференсия филми видеоӣ оид ба фаъолияти Федератсияи футбол дар давраи солҳои 2016-2019 намоиш дода шуд. Дар филм пешрафт ва натиҷаҳои федератсия дар чор соли гузашта қайд гардид.
Сипас, ҳисоботи раиси кумитаи молиявии ФФТ Фарҳод Сайфиддинов дар давраи солҳои 2016-2019 шунида шуд. Тағйирот ва иловаҳоро ба Оинномаи ФФТ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов шарҳ дод.
Тибқи рӯзномаи конференсия Рустами Эмомалӣ аз нав ба сеюм муддати чорсола президенти ФФТ интихоб шуд. Пас аз интихоб шудан Рустами Эмомалӣ баромад карда, ба вакилон барои бовариашон изҳори сипос кард.
“Дар навбати аввал, мехоҳам барои боварӣ ба ҷомеаи футболи кишвар арзи сипос намоям. Президенти Федератсияи футбол будан бароям масъулияти калон аст. Боварӣ дорам, барои касе, ки футбол азиз аст, ба хотири рушди бештари футбол дар кишвар бештар заҳмат мекашад. Соли оянда мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин ҳодисаи муҳим барои кишварамон мебошад. Дар робита ба ин, бештар ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқот дар ҳамаи минтақаҳо зарур аст. Бори дигар барои боварӣ ва дастгирӣ ба шумо изҳори сипос менамоям”, - гуфт Рустами Эмомалӣ.
Дар конференсия, ҳамчунин ноибони президент ва аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ интихоб шуданд. Хуршед Мирзо ноиби аавали президент, Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов ноибони президенти Федератсияи футбол интихоб гардиданд. Дар асоси иловаю тағйирот ба Оинномаи ФФТ 15 нафар ба аъзои Кумитаи иҷроия интихоб шуданд. Ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ФФТ президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ, ноибони президент Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов, инчунин Шоҳрух Саидзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбон Ҳакимзода, Абдулло Раҳмонзода, муовини Президенти КМО Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Шариф Назаров, Бароталӣ Ҳамидзода, Анваршо Мирзоев, Фарҳод Сайфиддинов, Нурҷаҳон Исмоилзода ва Фатҳулло Ҷалилов ворид гардиданд.