Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионат оид ба шиноварӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон

Чемпионат оид ба шиноварӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон Чемпионат оид ба шиноварӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон Чемпионат оид ба шиноварӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон

14.12.2020

: 922

13 декабр бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, дар чемпионат 60 варзишгар дар ҳайати 5 дастаи мактабҳои шиноварӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд.
Дар маросими кушодашавии чемпионат намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ва Федератсияи шиноварӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории чемпионати мазкур омодасозии шиноварони тоҷик ҷиҳати ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон, такмили маҳорату малакаи варзишии онҳо мебошад.
Чемпионати кушоди шиноварӣ аз рӯи намудҳои шинои тарзи озод, пуштнокӣ, баттерфлай ва брасс дар масофаҳои 50, 100 ва 200 метр байни писарон ва духтарон сурат гирифта, ғолибону ҷоизадорон тариқи зайл муайян гардиданд:

Тарзи озод, 50 метр
Писарон:
1. Ишанов Олимҷон
2. Гадоев Ардашер
3. Звонников Григорий

Духтарон:
1. Бордачёва Екатерина
2. Тюрина Анастасия
3. Климик Карина

Тарзи озод, 100 метр
Писарон:
1. Гадоев Ардашер
2. Звонников Григорий

Духтарон:
1. Холиқова Эмилия
2. Забалуева Евгения
3. Раҳмонова Марям

Тарзи озод, 200 метр
Писарон:
1. Каримов Темур
2. Туйчиев Азамат
3. Ташрипов Кароматулло

Пуштнокӣ, 50 метр
Писарон:
1. Исматзода Умедҷон
2. Тилкович Захар
3. Ҷаҳонов Исфандиёр

Пуштнокӣ, 100 метр
Писарон:
1. Исломзода Умедҷон
2. Орипов Фарҳод
3. Қодиров Фирдавс

Парвона, 50 метр
Писарон:
1. Мадхамов Фахриддин
2. Рамзиёрзода Саддам
3. Набиев Акрам

Духтарон:
1. Тюрина Анастасия
2. Бордачёва Екатерина
3. Забалтсева Евгения

Парвона, 100 метр
Писарон:
1. Мадхамов Фахриддин
2. Туйчиев Азамат
3. Набиев Акрам

Брасс, 50 метр
Писарон:
1. Хоркашов Рамзиёр
2. Баротов Шоҳрух
3. Гадоев Шуҳрат

Духтарон:
1. Климик Карина
2. Султонова Нозанин
3. Холиқова Эмилия

Брасс, 100 метр
Писарон:
1. Баротов Шоҳрух
2. Самиев Абдулло
3. Гадоев Шӯҳрат

Дар ҳисоби даставӣ ҷойи якумро варзишгарони дастаи Душанбе-1, ҷойи дуюмро дастаи Душанбе-2 ва ҷойи сеюмро дастаи Суғд ишғол намуданд.
Ғолибон бо медал, ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.