Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳтарин ҷудочиёни ҷавон дар Ҷаббор Расулов муайян шуданд

29.10.2020

: 1019

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуривӣ оид ба ҷудо байни ҷавонони соли таваллудашон 2000-2002 баргузор шуд.

Тавре сомонаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст, дар мусобиқа 135 варзишгар дар ҳайати нуҳ даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт ширкат карда, аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар шаш вазн намояндагони Душанбе, дар як вазн варзишгари ШНТМ ғалаба карданд.
Дар вазни -60кг Шаҳбоз Саидаброров пас аз мағлуб намудани Фирӯз Мелибойзода соҳиби медали тилло шуд. Дар зинаи сеюм варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Сарвар Абдушукуров ва Аҳмад Аюбов қарор гирифтанд.
Эмомалии Нуралӣ дар финали вазни -66кг Абубакр Шеровро мағлуб намуда, медали тиллоро ба гардан овехт. Медалҳои биринҷӣ насиби Фарух Ҳалимов ва Худобахш Сулаймонов шуд.
Дар финали вазни -73кг боз ду варзишгари Душанбе бо ҳам неру санҷиданд ва Муҳаммад Саъдуллоев тавонист Қурбоналӣ Бозоровро мағлуб намояд.  
Умар Расулов аз ШНТМ дар вазни -81кг пас аз пирӯзӣ бар Аминҷон Сафаров аз шаҳри Душанбе ғолиб шуд.
Дар финали вазни 90кг боз ҳам варзишгарони шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд. Раҳаматуло Мирзоев тавонист Фаридун Холиқовро мағлуб намуда, ҷои аввалро ишғол кунад.
Дар вазни -100кг Абубакри Акобир Фарзин Ҳусайнов аз вилояти Суғдро шикаст дода, ғолиб шуд.
Ниҳоят дар вазни +100кг Бобоҷон Бобоев Иброҳим Элмуродовро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гардид.