30.10.2020
: 922
Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф ва илм ва кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар 10 муассисаи таълимии пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон оид ба арзишҳои олимпӣ чорабиниҳои гуногун баргузор шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Маориф, фарҳанг ва мероси олимпӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ таълимоти олимпиро фаъолона дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонад, инчунин наврасону ҷавононро ба идеалҳои олимпӣ, ки ба арзишҳои инсондӯстӣ, ҳамгироӣ, эҳтиром асос ёфтаанд ва нерӯи тарбиявӣ доранд, дар насли нав идеалҳо ва арзишҳои олимпиро ташаккул медиҳанд, ба онҳо одилона рафтор кардан ва ростқавлиро таълим медиҳанд, ҷалб менамояд.
Ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимпӣ дар доираи барнома маводҳои таълимӣ, дар шакли дастурамалҳо дарёфт карданд, ки имкон медиҳад ба хонандагон доимӣ оид ба олимпизм машғулиятҳо гузаронанд. Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷиҳати доир кардани машғулиятҳои таълимӣ-иттилоотӣ дар вақти берун аз дарс, ба муассисаҳои таълимӣ лавозимоти варзишӣ ва дафтардорӣ тақдим гардид.
Дар чорабиниҳо варзишгарони маъруфи кишвар, мисли Мавзуна Чориева ширкат намуда, барои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва таълимӣ-иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимпӣ кӯмак карданд. Онҳо ҳамчун манбаи маълумот оид ба арзишҳо ва идеалҳои олимпӣ барои хонандагон намунаи ибрат буданд. Онҳо ба хонандагон ҷанбаҳои мутобиқ шудан дар даста ва пешсаф буданро фаҳмонида, ҳамчунин тарзи ҳаёати солим ва арзишҳои олимпиро таблиғ намуданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои гуногун ташаббуси таълимоти олимпииро дар дигар минтақаҳои кишвар низ идома хоҳад дод.