27.10.2020
: 966
Сарвазири Ҷопон Ёшиҳиде Суга зимни суханронӣ дар парлумон изҳор намуд, ки барои пешгирии коронавирус ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолии кишвараш, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ аст, кӯшиш мекунад.
Суга, ки моҳи гузашта ба мақоми Сарвазири Ҷопон интихоб шуд, дар парлумон - мақоми миллии қонунбарори Ҷопон суханронӣ кард. Тавре интизор мерафт, Суга уҳдадориҳои кишварашро барои баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар соли оянда тасдиқ кард.
Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 бо сабаби авҷи коронавирус моҳи марти имсол ба соли 2021 гузаронида шуд.
“Мо пеши роҳи паҳншавии бемориии сироятиро мегирем ва ҳаёту саломатии аҳолиро ҳифз мекунем, ҳамчунин фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиамонро ҷиҳати эҳёи иқтисоди кишвар барқарор мекунем”, - гуфт Суга.Сарвазири Ҷопон эълон кард, ки ҳукумат аҳолии Ҷопонро дар нимсолаи аввали соли 2021 бо ваксинаи зарурӣ таъмин мекунад. Ин ба тасдиқи бехатарӣ ва самаранокии ваксина вобаста мебошад. Умед аст, ки ваксинаи бехатар охири соли равон тасдиқ гардад.