31.08.2020
: 991
Марҳилаи аввали лигаи ҳендболи Тоҷикистон бо пирӯзии тими “Душанбе” анҷом ёфт.
Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи аввали лигаи ҳендболи Тоҷикистон 28 август доир шуданд. Дастаи “Душанбе” ин бор тими “Паразити”-ро бо ҳисоби 43:29 шикаст дода, аз 14 холи имконпазир 14 хол ба даст овард ва дар ҷои аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Шикасти “Паразити” дастаи “Скиф”-ро, ки бар “Марко Поло” ғалаба кард (42:31), ба ҷои дуюм баровард.
Дар бозиҳои дигар “Пагранчи” бар “Сарез” бо ҳисоби 27:17, “Ҳисор” бар “Сокол” бо ҳисоби 39:32 пирӯз шуданд.
Ба иттилои раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, рӯзҳои 29-31 август Федератсияи ҳендболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ гузаронд. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали лигаи ҳендболро ҳакамӣ карданд, дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намуданд. Акнун, доварон бо истифода аз донишу таҷрибаи андухтаашон бозиҳои марҳилаи дуюмро беҳтару ҷиддитар ҳакамӣ мекунанд.
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
1 | "Душанбе" | 7 | 7 | 0 | 0 | 228-196 (+32) | 14 |
2 | "Скиф" | 7 | 6 | 0 | 1 | 234-200 (+34) | 12 |
3 | "Паразити" | 7 | 5 | 0 | 2 | 228-196 (+32) | 10 |
4 | "Пагранчи" | 7 | 3 | 0 | 4 | 207-190 (+17) | 6 |
5 | "Ҳисор" | 7 | 3 | 0 | 4 | 185-220 (-35) | 6 |
6 | "Сарез" | 7 | 2 | 0 | 5 | 160-198 (-38) | 4 |
7 | "Марко Поло" | 7 | 1 | 0 | 6 | 175-216 (-41) | 2 |
8 | "Сокол" | 7 | 1 | 0 | 6 | 168-248 (-80) | 2 |