31.08.2020
: 994
28 август бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуданд. Дар натиҷа, дастаҳои “Муҳоҷир” ва “Соро компания”-и шаҳри Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан” ба нимфинали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Бозии ҷолиби даври чорякфинал миёни дастаҳои “Муҳоҷир” ва “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд доир шуд. Вақти асосии дидор мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Ба голи задаи Бахтиёр Солеҳов хуҷандиҳо тавассути зарбаи нишонраси Баҳодур Хоҷаев ҷавоб доданд. Дар вақти изофӣ низ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дастаи Хуҷандро Дилшод Саломов ба пеш баровард, вале Бахтиёр Солеҳов ҳисобро баробар кард. Дар задани пеналтӣ бозингарони тими Душанбе маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд.
Дар бозиҳои дигар “Соро компания” бар дастаи “Иттифоқ” бо ҳисоби 11:2 ва “Истаравшан” бар “Формула-55” бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуданд. Вақти асосии бозӣ миёни дастаҳои “Самандар”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб мусовӣ – 6:6 хотима ёфт. Дар вақти изофӣ бошад, кӯлобиҳо боз 5 голи дигар заданд – 6:11.
Ҳамин тариқ, дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки 9-уми сентябр баргузор мешавад, “Муҳоҷир” бо “Соро компания” ва “Истаравшан” бо “Равшан” вомехуранд.
Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020 12 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.