31.08.2020
: 1092
30 август бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор шуданд.
Дар бозии марказии давр муддаиёни медалҳои тиллои чемпионат – “Хатлон” ва “Зебо” вохурданд. Дар бозии бисёр бошиддат ғолиб муайян нагардид – 0:0. Ин мусовиро истифода бурда, “Зебонисо”, ки дар Турсунзода бар дастаи маҳаллии “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 6:0 ғалаба кард, дар ҷадвали мусобиқа ба тими “Хатлон” наздик шуд. Бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер” ва “Бешкент” низ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Дар ду бозии дигар “Чашма” бар тими “Барқ” бо ҳисоби 1:0 ва “Равшан” бар “Ҳосилот” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
То анҷоми мавсими имсола дар чемпионат се даври дигар боқӣ мондааст.
Дар даври навбатӣ 2-юми сентябр «Хатлон» бо «Бешкент», «Зебонисо» бо «Панҷшер», «Ҳосилот» бо «Регар-ТадАЗ», «Чашма» бо «Равшан» ва «Зебо» бо «Барқ» бозӣ мекунанд.
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
1 | "Хатлон" (Бохтар) | 15 | 13 | 2 | 0 | 119-5 | 41 |
2 | "Зебонисо" (Душанбе) | 15 | 13 | 1 | 1 | 154-3 | 40 |
3 | "Зебо" (Дӯстӣ) | 15 | 11 | 3 | 1 | 109-10 | 36 |
4 | "Бешкент" (Носири Хусрав) | 15 | 8 | 2 | 5 | 61-21 | 26 |
5 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 14 | 8 | 1 | 5 | 59-18 | 25 |
6 | "Барқ" (Норак) | 15 | 3 | 2 | 10 | 7-88 | 11 |
7 | "Ҳосилот" (Фархор) | 15 | 3 | 2 | 10 | 8-100 | 11 |
8 | "Равшан" (Кӯлоб) | 15 | 3 | 0 | 12 | 5-76 | 9 |
9 | "Чашма" (Шаҳритус) | 15 | 3 | 0 | 12 | 10-132 | 9 |
10 | "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) | 14 | 1 | 3 | 10 | 15-100 | 6 |