Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии тими ҷавонон бар мунтахаби миллӣ

26.07.2020

: 998

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе 25 июл бозии санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва мунтахаби ҷавонон (U-19) баргузор шуд.

Бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими ҷавонон анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи Мубин Эргашев голҳоро Амадонӣ Камолов ва Сунатулло Исмоилов заданд. Дар ҳайати тимми миллӣ Аҳтам Назаров пеналтиро хато зад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар ду даста имрӯзҳо ба ҷамъомади машқӣ-тамринӣ фаро гирифта шудаанд. Тими ҷавонони кишвар дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки 14-31 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, ширкат мекунад. Тими мунтахаби Тоҷикистон бошад, бозиҳои марҳилаи дуюми интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022-ро идома медиҳад.

Бозии санҷишӣ
Мунтахаби Тоҷикистон – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – 0:2
Голҳо: Амадонӣ Камолов, 27 (0:1). Сунатулло Исмоилов, 87 (0:2).

Мунтахаби Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Хуршед Бекназаров, Искандар Ҷалилов, Фирӯз Бобиев, Ислом Зоиров, Ҷаҳонгир Эргашев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.
Дар нимаи дуюм варзишгароне, ки иваз шуданд: Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Билол Сулаймонов, Илҳомҷон Баротов, Хуршед Абдуллоев, Рустам Соиров, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов, Диловаршо Ғаниев.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов, Шоҳрух Сангов, Алиҷон Кароматуллозода, Манучеҳр Сафаров, Исроил Холов, Абдулмумин Забиров, Муҳаммад Саломзода, Шуҳрат Элмуродов, Амадонӣ Камолов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов.
Дар нимаи дуюм варзишгароне, ки иваз шуданд: Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарифов, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Парвиз Ҳоҷиев, Сунатулло Исмоилов.
Огоҳӣ: Рустам Соиров (мунтахаби Тоҷикистон), Манучеҳр Сафаров (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
25 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.