Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Сиҷак!”. Оғози курси омӯзишӣ барои мураббиёни таеквондо WT

27.07.2020

: 1137

23 июл дар шаҳри Душанбе курси техникӣ-омӯзишӣ барои мураббиёну доварони намуди олимпии таеквондо оғоз гардид, ки то 6 август идома меёбад.

Курс бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Курсҳои омӯзишӣ барои мураббиён”-и Ҳамбастагии олимпӣ доир мешавад. Машғулиятҳоро дар мувофиқа бо Иттиҳоди “Таеквондои ҷаҳонӣ” (WT) мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ва Манучеҳр Хуморов мегузаронанд.

“Курси омӯзишӣ барои мураббиёни ҷавони мо аз ҳамаи минтақаҳои кишвар имкон фароҳам меорад, ки ихтисосашонро такмил диҳанд ва донишҳои нав аз худ кунанд. Ҳамчунин, рақобатпазирии онҳо бо дастаҳояшон зимни иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтар мегардад”, - иброз намуд роҳбари курс, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов.
Курси омӯзишӣ тибқи талаботи WT дар ду марҳила баргузор мешавад ва аз машғулиятҳои назариявию амалӣ, муаррифии қоидаҳои варзишӣ ва маърӯзаҳо иборат аст.
Марҳилаи назариявӣ 5 рӯз барои мураббиён ва 3 рӯз барои доварон нигаронида шудааст. Машғулиятҳо бо иштироки мураббиёни доварон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар дар Мактаби махсуси захираҳои олимпии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Барномаи курс аз мавзуъҳои зерин иборат аст: “Қоидаҳо ва маъмурияти таеквондои ҷаҳонӣ”, “Нақши мураббӣ”, “Таҳлили ҳолатҳои асосӣ”, “Усул ва педагогикаи мураббӣ”, “Мубориза бо допинг”, “Ҳимоя”, “Кодекси ахлоқ барои мураббиён”, “Муошират бо ҷавонон ва волидайни онҳо”, “Тамрини наврасон”, “Банақшагирии барномаи омӯзишӣ", “Дарёфти истеъдодҳо”, “Маҳорати муошират ва ташкилотчигӣ”, “маҳорати техникӣ”, “Баҳодиҳии амалӣ” барои мураббиён ва “Қоидаҳои мусобиқот”, “Нақш ва вазифаҳои довар”, “Кодекси ахлоқи доварон”, “Амалҳои довар ҳангоми мусобиқа”, “Ҷараёни намоиши видео”, “Асосҳои баҳогузорӣ ва моделсозӣ”, “Ҷараёни баргузории мусобиқа”, “Таҳлили рақобатпазирӣ”, “Озмоиши моделҳои ғолибият” барои даварон иборат аст.
Зимни машғулиятҳо аз маълумоти охирин, ки WT роҳандозӣ кардааст, истифода мешавад.
Марҳилаи дуюм аз машғулиятҳои амалӣ барои мураббиён (5 рӯз) ва доварон (2 рӯз) иборат аст, ки дар минтақаҳо, дар толорҳое, ки мураббиён дар машғулиятҳои назариявӣ иштирок карданд, мегузаранд. Ҳар мураббӣ вазифадор аст, донишҳои омӯхтаашро дар машғулиятҳо бо шогирдони худ истифода барад. Ин ҳолатҳо дар ҳузури коршиносон сурат мегирад.
Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, феълан дар кишвар 50 довари дараҷаҳои гуногун, аз ҷумла 6 довари дараҷаи байналмилалӣ, 140 мураббӣ амал мекунанд. Дар ҳамаи мактабу толорҳои варзишии ҷумҳурӣ ҳудуди 4000 наврасу ҷавон дар намуди таеквондои олимпӣ ба тамрин машғуланд.