Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Сипар” – барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал

25.07.2020

: 954

Дастаи футзали “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2020 гардид.

Футболбозони шаҳри Хуҷанд, ки дар мавсими гузашта барандаи медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали кишвар шуда буданд, 25 июл бар тими “Соро-компания”-и шаҳри Душанбе, ғолиби мавсими гузаштаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон, бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд. Бозингари “Сипар” Собирҷон Гуляков, ки се гол зад, қаҳрамони бозӣ ҳисобида шуд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:4
Голҳо: Муҳаммад Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов – Собирҷон Гуляков (3), Дилшод Саломов.