Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои олимпӣ дар соли 2021 метавонад рамзи умед, хушбинӣ, ҳамдилӣ ва иттиҳод бошад

Бозиҳои олимпӣ дар соли 2021 метавонад рамзи умед, хушбинӣ, ҳамдилӣ ва иттиҳод бошад Бозиҳои олимпӣ дар соли 2021 метавонад рамзи умед, хушбинӣ, ҳамдилӣ ва иттиҳод бошад

23.07.2020

: 1123

Томас Бах бовар дорад, ки Токио-2020 “бузургтарин ҷашнвораи варзишии бозгашт” хоҳад буд, зеро он бо таъхири яксола баргузор мешавад.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) таъкид намуд, ки ташкилкунандагон барои мубориза бо коронавирус дар вақти баргузории бозиҳо соли оянда чораҳои муҳим хоҳанд андешид.
Бах як сол қабл аз оғози Бозиҳои ба таъхир андохташудаи Олимпиадаро бо муроҷиати видеоӣ “таҷлил” кард, ки тибқи қарори аввал бояд фардо – 24 июл шуруъ мешуд. Сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ ва Томас Бах бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон моҳи марти имсол ҷиҳати бо таъхири яксола баргузор кардани Бозиҳои Олимпиада ба мувофиқа расида буданд.
Томас Бах паёми умедворкунандаро пешниҳод намуд, ки ба як соли ҳисобкунии рӯзҳо ишора намояд: “То оғози Бозиҳои олимпӣ як сол монд ва дар пеш моро вазифаҳои бузург интизор аст”.

Бах дар идома ба ҳамкорону дӯстони ҷопонӣ бо роҳбарии сарвазир Абэ Шинзо, президенти “Токио-2020” Мори Йоширо ва шаҳрдори Токио Коике Юрико, ҳамчунин варзишгарон, федератсияҳои байналмилалии намудҳои олимпии тобистонаи варзиш, кумитаҳои миллии олимпӣ, сарпарастон ва расонаҳои хабарӣ миннатдорӣ баён кард: “Бе ҳамгироӣ ва дастгирии онҳо мо наметавонистем қарори якҷояи таърихиро ҷиҳати ба таъхир андохтани Бозиҳои олимпӣ дар Токио қабул кунем. Ман аз пешрафти фавқулодда дар самти омодагӣ ба бозиҳо пас аз қабули қарори якҷоя ба ҳаяҷон омадам. Ин марҳила дар соли оянда барои варзиш ва ҷомеаи ҷаҳон бисёр муҳим мебошад. Мо ба муддати як сол омодагӣ мебинем, то Бозиҳои Олимпиадаро ба ҷашни ҳақиқии умед, устуворӣ ва ҳамгироӣ табдил диҳем”.
Президенти КБО дар идома таъкид кард, ки “Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар соли 2021 метавонад ва бояд рӯшноӣ дар охири нақбе бошад, ки феълан ҳамаи инсонҳо дар он қарор доранд. Мо дар як давраи номуайянии бузург зиндагӣ дорем. Пас, дар охири ин марҳилаи барои инсоният душвор, Бозиҳои олимпӣ метавонад рамзи умед, хушбинӣ, ҳамдилӣ ва иттиҳод бошад”.
Бах гуфт, ки КБО ва “Токио-2020” метавонанд ба шароити буҳрони коронавирус дар вақти бозиҳо мутобиқ шаванд. Илова намуд, ки масъалаи солимии иштирокчиён барои ташкилкунандагон авлавият дорад. Ташкилкунандагон бояд ба якчанд сенарияи Бозиҳои олимпӣ омодагӣ бинанд.
Президенти “Токио-2020” Йоширо Мори ва Томас Бах умед доранд, ки бозиҳо бо иштироки мухлисон баргузор мешавад, вале сенарияи баргузории бозиҳо паси дарҳои пӯшида низ дар назар дошта шудааст.