Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи бонувон: “Хатлон” ва “Зебо” баробар пеш мераванд

23.07.2020

: 1013

Даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор шуд. Муддаиёни медалҳои тилло – “Хатлон”, “Зебо” ва “Зебонисо” дар ин давр низ бо ҳисоби калон ғалаба карданд.

Дастаи “Хатлон” ба дарвозаи тими “Чашма” 12 голи беҷавоб зад. Лайло Ҳалимова 6 гол, Сайрамҷон Холназарова, Шукрона Азимзода дуголӣ, Қурбонгул Қурбонова ва Нишона Саидова якголӣ заданд.
“Зебонисо” бошад, ба дарвозаи дастаи “Барқ” 13 голи беҷавоб зад. Мадина Фозилова 6 гол, Шукронаи Ҷумахон 5 гол, Некубахт Худодова ва Амина Собирова якголӣ ба номашон сабт карданд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Зебо” бо ҳисоби 1:8 анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати тими ғолиб Манзура Ҳазратқулова (2 гол), Мавҷуда Сафарова (2 гол), Меҳрангез Шарифова (2 гол), Саҳина Саидова ва Зуҳро Бобомуродова ба ҳадаф расониданд. Як голи “Ҳосилот”-ро Шаҳзода Хидирова ба номаш сабт кард.
“Бешкент” бар тими “Равшан” бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Ҳамаи голҳоро Рафина Нормуродова зад.
“Панҷшер” аз тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:13 шикаст хурд. Зулайхо Сафарова 5 гол, Ҷонона Ҳалимова ва Наргиза Бобоева чорголӣ ба номашон навиштанд.
Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 26 июл сурат мегиранд. «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», «Равшан» бо «Панҷшер», «Барқ» бо «Бешкент», «Зебо» бо «Зебонисо», «Чашма» бо «Ҳосилот» вомехуранд.

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    "Хатлон" (Бохтар)    6  5  1  0  42-4    16  
 2  "Зебо" (Дӯстӣ)  6  5  1  0  35-3  16
 3  "Зебонисо" (Душанбе)    6  5  0  1  52-2  15
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    6  3  1  2  17-6  10
 5  "Бешкент" (Носири Хусрав)  6  3  1  2  17-6  10
 6  "Барқ" (Норак)  6  3  0  3  5-27  9
 7  "Чашма" (Шаҳритус)  6  2  0  4  8-37  6
 8  "Ҳосилот" (Фархор)  6  1  1  4  3-19  4
 9  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     6  0  1  5  4-58  1
 10    "Равшан" (Кӯлоб)  6  0  0  6  0-35  0