Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футболбозони тими миллӣ 20 июл дар Душанбе ҷамъ меоянд

17.07.2020

: 1010

Бо истифода аз танаффуси сеҳафтаина дар Чемпионати Тоҷикистон тими миллии кишвар оид ба футбол дар Душанбе ҷамъомади машқӣ-таълимии шашрӯза доир мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои гузаронидани аввалин ҷамъомад дар соли равон 20 июл ҷамъ меояд. Машғулиятҳои бозингарони тими миллӣ бо реҷаи дукарата дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.
20 июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ номзадҳо ба тими миллии Тоҷикистон – Сиёвуш Асроров («Раҳматгонҷ», Бангладеш), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирҷон Сафаров, Алишер Баротов, Шарафҷон Солеҳов, Парвизҷон Алиев (ҳама аз «Хуҷанд»), Фатҳулло Бобоев («Файзканд»), Кароматулло Саидов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳар ду аз «Хатлон»), Далер Ёдгоров, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков (ҳама аз «Куктош»), Нозим Бобоҷонов, Доробҷон Эргашев, Оятулло Сафаров (ҳама аз «Регар-ТадАЗ»), Шервонӣ Мабатшоев, Фирӯз Бобиев (ҳар ду аз КМВА), Исмоилҷон Алимардонов («Душанбе-83»), Файзиддин Каримов, Шерзод Дадабоев, Зуҳриддин Фузайлов, Умедҷон Рамазонов ва Муҳаммадҷон Ризомов (ҳама аз «Барқчӣ») оид ба ҳолати тарбияи ҷисмонӣ тест месупоранд.

Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар доир менамояд. 8 октябр мунтахаби мо дар Душанбе мунтахаби Муғулистонро қабул мекунад. Баъдан моҳи ноябр шогирдони Усмон Тошев муқобили Ҷопон (12 ноябр, дар сафар) ва Мянма (17 ноябр, дар хона) бозӣ хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ҶМТ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров («Башундара Кингс», Бангладеш), Аъзамҷон Муродов («Душанбе-83»), Билол Сулаймонов (КМВА);
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳар ду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шериддин Бобоев (ҳама аз «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Тоҳир Маладӯстов («Каганат», Қирғизистон), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.