Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Токио-2020 маконҳои Бозиҳои олимпиро ҳифз ва нақшаи мусобиқотро тасдиқ кард

18.07.2020

: 1096

Кумитаи тадорукоти Токио-2020 17 июл дар Анҷумани 136-уми КБО эълон кард, ки ҳамаи иншоот, ки барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 нигаронида шуда буданд барои соли оянда ҳифз шуданд ва нақшаи баргузории мусобиқот тасдиқ гардид.

Ин ҳодиса барои ташкилкунандагон як қадами муҳим аст: то оғози Бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020 дар санаи 23 июли соли 2021 як сол боқӣ мондааст. Дар доираи идомаи омодагиҳо ин тасмим пешравии бузург аст.
Президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 Йоширо Мори ва директори генералии ин кумита Тоширо Муто дар Анҷумани КБО тасдиқ карданд, ки ҳамаи 43 макон барои баргузории мусобиқаҳо, шаҳраки олимпӣ, Маркази байналмилалии пахши телевизонӣ ва Маркази матбуот барои Бозиҳои олимпӣ дар соли 2021 истифода хоҳанд шуд. Онҳо, ҳамчунин эълон карданд, ки тақвими мусобиқаҳо ҳамон тавре ки буд, мемонад, бо баъзе тағйироти ҷузъӣ.

“Шаҳраки олимпӣ - дили Бозиҳои олимпӣ, ҷои баргузории мусобиқот – рӯҳ аст. Ман хушҳолам, ки шаҳрак ва иншоот барои соли оянда ҳифз карда шуданд. Варзишгарон аз тамоми ҷаҳон дар шаҳраки олимпӣ зери як сақф зиста, якҷо хӯрок мехӯранд, якҷо ҷашн мегиранд, муҳокима мекунанд ва ҷомеи беназири олимпиро ташаккул медиҳанд. Токио-2020 барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш кард ва нақшаи мусобиқотро, нигоҳ накарда ба вазъияти фавқулодда, тасдиқ намуд, ки шаҳодати фаъолияти босамари кумитаи муттаҳидаи идоракунанда бо роҳбарии Ҷон Коутс ва Йоширо Морӣ мебошад”, - иброз намуд президенти КБО Томас Бах.
Ӯ дар идома гуфт, то Бозиҳои олимпӣ як сол боқӣ мондааст ва дар пеш моро вазифаи бузург интизор аст. Ҳамроҳ бо шарикони ҷопонӣ ва дигар дӯстон мо розием, ки банақшагирии Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи талаботи буҳрони ҷаҳонӣ сурат гирад ва дар баробари ин рӯҳ ва идеяҳои ҷолиб, ки мақсади моро ифода мекунад, ҳифз карда шавад. Мо сари амалиёт ва хизматрасониҳое, ки ба варзиш ва варзишгарон зарар нарасонанд, кор карда истодаем. Бо ин тартиб, мо метавонем ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукот бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020-ро ба ҷашни ягонагӣ, ҳамбастагии инсонҳо ва рамзи эътимод ва умед ба ояндаи нек табдил диҳем. Нишон диҳем, ки мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем”.
Йоширо Мори иброз намуд: “Ман бар ин назарам, замоне ки варзишгарони ҷаҳон аз ин нақби дарозу торик берун мешаванд, то дар бозиҳо ҷамъ оянд, ҳолати хушнудии беарзиш хоҳад буд. Мо дар оянда низ тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то Бозиҳои олимпии Токио пас аз буҳрони бемории COVID-19 рамзи иттиҳод ва ҳамбастагӣ бошад. Ҳафтаи оянда, санаи 23-юм, як сол қабл аз бозиҳо, мо дар нақша дорем, ки ба варзишгарон паёми ҳамдилӣ, умед ва далерӣ фиристем, то онҳо тавонанд Бозиҳои олимпии соли ояндаро бинанд”.
Анҷумани КБО, инчунин, дар бораи дастовардҳои комиссияи ҳамоҳангсозӣ доир ба содда гардонидани бозиҳо маълумот гирифт. Комиссия баррасии имкониятҳоро барои муносибсозӣ ва ба тартиб даровардани миқёс ва хизматрасонии бозиҳо идома медиҳад.