Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СММ тавсия дод, ки варзиш ба нақшаи барқарорсозии пас аз COVID-19 ворид карда шавад

17.07.2020

: 942

118 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба ҳамаи давлатҳо тавсия доданд, ки варзиш ва тарбияи ҷисмониро ба нақшаҳои барқарорсозии пас аз пандемияи COVID-19 ва фаъолияти варзишӣ ва ҷисмониро ба стратегияҳои миллии рушди устувор ворид кунанд.

Дар изҳороти муштарак оид ба таъсири COVID-19 ба рушди иҷтимоӣ, имзокунандагон саҳми арзандаи варзиш ва фаъолияти ҷисмониро дар пешбурди бисёр соҳаҳои муҳим, ба мисли маориф ҳамчун омили рушди устувор, сулҳ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, адолат, фарогирии иҷтимоӣ ва тандурустӣ баланд арзёбӣ карданд.

«Дар ин замони душвор, сарфи назар аз амалкардҳои фаврии мо, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои беҳбуди зиндагии мардум муҳиманд. Онҳо ба саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии мо фоида мерасонанд ва барои бартараф кардани стресс ва изтироб кӯмак мекунанд, - гуфта мешавад дар изҳорот. - Мо итминон дорем, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, инчунин ҳама чорабиниҳои варзишии ба таъхир афтода ҳангоми дубора баргузор шуданашон дар таърихи варзиш ҷойгоҳи хосе хоҳанд дошт. Ин чорабиниҳо пас аз пирӯзӣ бар пандемия ҳамчун рамзи ваҳдату якдилии инсонҳо хоҳанд монд. Мо ба талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати бо таъхир низ баргузор кардани чорабиниҳо баҳои баланд медиҳем».
Қаблан Комиссияи Иттиҳои Аврупо аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки маблағҳои иттиҳодро барои паст кардани оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 дар соҳаи варзиш истифода баранд. Илова бар ин, вазирони варзиши 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо чанде пеш изҳорот қабул карданд, ки дар он аҳамияти варзиш барои ҷомеаҳо дар давраи бӯҳрони COVID-19 таъкид карда шуд.