Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дастурҳои World Athletics дар замони пандемия

13.06.2020

: 960

Ташкилоти Варзиши сабуки ҷаҳон (World Athletics) барои ташкилкунандагони мусобиқот ҷиҳати пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 дар замони пандемия як қатор дастурҳо пешниҳод кард.

Дастуроти манзуршуда аз ҷониби Департаменти тандурустӣ ва илми World Athletics барои баргузории мусобиқаҳо дар ҳавои кушод ва варзишгоҳҳо пешбинӣ шудааст. Дастурамал барои ҷонибҳои дахлдор, мисли варзишгарони касбӣ, ёрдамчиён, кормандони техникӣ, кормандони варзишгоҳ, волонтёрон, табибон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ нигаронида шудааст.
Ба ташкилотчиёни мусобиқот пешниҳод гардидааст, ки миёни нафарони бақайдгирифташуда ва иштирокчиён баҳои чорбалаи хатарро гузаронанд. Агар нафаре 2 ё зиёда бал бигирад, бояд то оғози мусобиқа аз ташхиси табибон гузарад.
Ҳамчунин, як қатор дастурот бояд пеш аз оғози мусобиқа иҷро гарданд. Ташкилкунандагони мусобиқот дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан мизи қабул ташкил кунанд, то ҳар нафари воридшуда ҷузвдони қабул дарёфт намояд, ки дар он ниқобҳои яккаратаи тиббӣ, маводи зиддибактериявӣ барои дастҳо, сачоқҳои зиддибактериявӣ ва варақа оид ба шарҳи ҳолати сиҳатӣ ва амнияти чорабинӣ ҳаст.
Мусофирон бояд ҳангоми рафтан ба меҳмонхона ва иштирок дар мусобиқа бояд ҳамеша ниқоби тиббӣ пӯшанд. Дар варзишгоҳ бинандагон ва бақайдгирифташудагон бояд дари даромади алоҳида дошта бошанд. Бақайдгирифташудагон дар ҳолате ба ҷои баргузории мусобиқа роҳ дода мешаванд, ки ниқоби тиббӣ пӯшида бошанд ва бо худ маҳлули зиддибактериявӣ барои дастҳо дошта бошанд.
Маслиҳат дода шудааст, ки ҳамаи ҳозирбудагон дар варзишгоҳ, ба ғайр аз варзишгарон ҳангоми иштирок дар мусобиқа ва тамрин, бояд ниқоби тиббӣ пӯшида бошанд. Аз рӯи имкон минтақаи тамрин бояд кушод ва ба варзишгоҳ наздик бошад ва ҷиддӣ зери назорат гирифта шавад.
Ҳангоми мусобиқа шумораи одамон дар майдон то ҳадди ниҳоӣ кам карда шавад, намояндагони расмӣ, ки бо варзишгарон доим дар робитаанд, бояд айнакҳои муҳофизатӣ ё илова бар ниқобҳои тиббӣ ниқобҳои пластикӣ пӯшанд. Варзишгароне, ки ба финиш мерасанд, бояд масофаро миёни худ ва мухлисону намояндагони расмӣ риоя кунанд.
Пас аз мусобиқа минтақаи намояндагони расонаҳои хабарӣ бояд берун ва шумораи одамон бояд то ҳадди ниҳоӣ кам бошад.
Маросими зиндаи ҷоизасупорӣ маслиҳат дода намешавад. Беҳтараш чораҳои алтернативии рақамӣ истифода гардад.
World Athletics бовар дорад, ки дастурамал “коромад” хоҳад буд ва бо пайдо шудани маълумоти дақиқу илман тасдиқшуда бозбинӣ мегардад.