Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар формати нав доир мешавад

15.06.2020

: 1054

13 июн дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Усмонов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов дар оғози маросими қуръакашӣ хабар доданд, ки имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав баргузор мешавад. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (хона-сафар) анҷом медоданд, ин мавсим ҳамаи марҳилаҳо (муқаддамотӣ, 1/8, ¼, ½-финал) аз як бозӣ иборат хоҳад буд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян карда мешавад.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 12 дастаи лигаи якум иштирок мекунанд. Шаш дастаи ғолиб ба даври 1/8-финал роҳхат мегиранд. Аз 1/8-финал барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон 10 дастаи лигаи олӣ пайваст мешаванд.
Дастаҳои лигаи якум аз ҷониби ФФТ бо либоси варзишӣ ва тӯб таъмин карда шуданд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки имсол дастаҳои лигаи якум ҳаққи заҳмат ва хароҷоти сафари намояндагони расмӣ (доварон ва нозир)-ро ҳангоми бозиҳои лигаи якум ва Ҷоми Тоҷикистон пардохт намекунанд. Ин хароҷотро ФФТ бар дӯши худ гирифтааст.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020
“Ҳосилот” (Фархор) – “Моҳир” (Ёвон)
“Саройкамар” (Панҷ) – “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)
“Равшан” (Кӯлоб) – “Ҳулбук” (Восеъ)
“Равшан” (Зафаробод) – “Шоҳмансур” (Душанбе)
“Исфара” (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд)
“Ваҳдат” (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор)