Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзишгарон дар давраи пандемия низ дастгирӣ меёбанд

12.06.2020

: 1117

Кӯмаки молиявии олимпӣ барои чормоҳаи дуюми соли 2020 ба 15 варзишгар, ки аз Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020 бархурдоранд, дастрас карда шуд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон новобаста ба он ки варзишгарон бинобар сабаби бемории ҳамагири COVID-19 имкони дар толорҳо машқу тамринро надоранд, кӯмаки молиявии олимпиро ба 15 варзишгар дастрас намуд.
Ёдовар мешавем, ки 15 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш ҷиҳати тамрин ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ҳар моҳ аз 200 то 950 доллари ИМА дарёфт мекунанд:

1. Усмонов Баҳодур, бокс (950 доллари ИМА)
2. Даминов Шаҳриёр, қайиқронӣ (800 доллари ИМА)
3. Устопириён Комроншоҳ, ҷудо (700 доллари ИМА)
4. Хоҷазода Беҳрӯз, ҷудо (600 доллари ИМА)
5. Раҳимов Темур, ҷудо (500 доллари ИМА)
6. Негматуллоев Шаббос, бокс (350 доллари ИМА)
7. Маҳмадбеков Сомон, ҷудо (300 доллари ИМА)
8. Қаландарова Шоҳида, ҷудо (300 доллари ИМА)
9. Ҳалимова Моҳру, таеквондо (300 доллари ИМА)
10. Бобоёрова Нилуфар, бокс (200 доллари ИМА)
11. Зулқайнарова Шоира, бокс (200 доллари ИМА)
12. Абдулҳаев Суҳроб, гуштини юнонӣ-римӣ (200 доллари ИМА)
13. Гулов Саидҷон, гуштини тарзи озод (200 доллари ИМА)
14. Мадкаримова Манижа, таеквондо (200 доллари ИМА)
15. Шарифова Гулсунбӣ, варзиши сабук (200 доллари ИМА)

Тибқи шартномаҳои баимзорасида барнома то 31 августи соли 2020 пешбинӣ шуда буд. Вале бинобар сабаби пандемияи COVID-19 Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 таҳвил дода шуд ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ муҳлати барномаро як соли дигар – то 31 августи соли 2021 тамдид кард.
То имрӯз ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев аз намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овардаанд, ки ҳар ду гирандаи дастгирии молиявии олимпӣ мебошанд.