Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Стипендияи раиси вилояти Суғд ба варзишгарон тақдим шуд

Стипендияи раиси вилояти Суғд ба варзишгарон тақдим шуд Стипендияи раиси вилояти Суғд ба варзишгарон тақдим шуд Стипендияи раиси вилояти Суғд ба варзишгарон тақдим шуд Стипендияи раиси вилояти Суғд ба варзишгарон тақдим шуд

11.04.2020

: 1059

10 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани стипендияи раиси вилоят ба варзишгарон, мураббиёну собиқадорони соҳаи варзиш баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ аз дастовардҳои варзишгарони вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла дар сатҳи вилоят мусобиқаю чорабиниҳои варзишии оммавӣ гузаронида шаванд.
Қайд гардид, ки соли 2019 варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, шарафи варзиши вилоят ва ҷумҳуриро ҳимоя намуданд. Чунончӣ, варзишгарони вилоят дар 150 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин, варзишгарони вилоят дар мусобиқоти байналмилалӣ фаъолона ширкат намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода бобати муҳайё намудани шароит барои варзишгарон дар қаламрави вилоят, вусъати бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид намуд, ки алҳол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ вусъат мегирад, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 130 нафар варзишгар, мураббӣ ва собиқадорони соҳаи варзиш стипендияи раиси вилоят, “Ифтихорнома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.