Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Душанбе” – чемпиони Тоҷикистон оид ба баскетбол

11.04.2020

: 1075

Клуби баскетболи “Душанбе” ғолиби Лигаи баскетболи Тоҷикистон гардид. КБ “Душанбе” лигаи баскетболи кишварро дар мавсими 2019-2020 бе бохт анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои клубҳои баскетболи Тоҷикистон баъд аз танаффуси панҷсола моҳи октябри соли гузашта аз сар гирифта шуд.
Барои унвони чемпиони Тоҷикистон 8 клуб талош карданд – “33”, “Зуҳро”, “Душанбе”, “Фойтун”, “Беркут”, “Легендҳо”, “Dizel Power”, “DIS”. Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар се марҳила сурат гирифт. Дар натиҷа, Клуби баскетболи “Душанбе” дар ҳамаи бозиҳояш ғалаба карда, бо 103 хол дар ҷадвали лига ҷои аввалро ишғол кард. Ҷойи дуюм бо 77 хол насиби клуби “Dizel Power” ва ҷои сеюм бо 74 хол насиби клуби “Фойтун” гардид.