Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Душанбе-1 – чемпиони Тоҷикистон оид ба ҳендбол

11.04.2020

: 1001

7-10 апрел дар шаҳри Душанбе, дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳендбол миёни мардон баргузор шуд.

Дар мусобиқа 7 даста – дудастаӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, ВМКБ, Суғд, ШНТМ иштирок карданд. Дар натиҷа, ду дастаи шаҳри Душанбе ба финал роҳ ёфта, Душанбе-1 ғолиб гардид. Ҷои сеюмро дастаи ВМКБ ишғол намуд.
Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.