Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Оташи Бозиҳои олимпии Токио дар Олимпиа афрухта шуд

Оташи Бозиҳои олимпии Токио дар Олимпиа афрухта шуд Оташи Бозиҳои олимпии Токио дар Олимпиа афрухта шуд Оташи Бозиҳои олимпии Токио дар Олимпиа афрухта шуд

16.03.2020

: 1227

Оташи олимпӣ бо доир гаштани эстафетаи оташи олимпӣ таҳти шиори “Умед роҳи моро рӯшан мекунад” дили миллионҳо нафарро гарм хоҳад сохт.

Умед акнун роҳи Токио-2020-ро меафрӯзад. 12 март дар шаҳраки Олимпиаи Юнон оташи олимпӣ афрухта шуд. Аз офтоби гарми Юнон то машъали Варзишгоҳи олимпии Токио оташи олимпӣ ба ҷаҳониён паёми сулҳ, умед ба ояндаи нек ва иттиҳодро мерасонад.
Ҳамин тариқ, эстафетаи оташи олимпӣ аз Олимпиа оғоз шуд ва 19 март ба Афина мерасад. Баъд аз маросими оташгиронӣ машъали олимпӣ сайрашро ҳамроҳ бо чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Анна Корокаки аз Юнон оғоз кард. Ногучи Мидзукӣ, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Афина-2004 дар марҳалаи юнонии эстафетаи оташи олимпӣ дуюм ва аввалин даванди ҷопонӣ буд. Чемпионҳои секаратаи Бозиҳои олимпӣ - ҷудочӣ Номура Тадаҳиро ва гуштингир Йошида Саорӣ низ дар марҳилаи юнонии этафета ширкат мекунанд.  
Маросими тақдими оташи олимпӣ ба Токио-2020 19 март дар Варзишгоҳи “Панафенаик”-и Афина доир мегардад. Баъдан оташ тавассути тайёра 20 март ба Ҷопон мерасад.