15.03.2020
: 1153
12-14 март дар шаҳри Кӯлоб, дар доираи Барномаи “Ташаббуси КМО оид ба мудирият”-и Ҳамбастагии олимпӣ семинари омӯзишӣ доир шуд.
Дар семинар, ки бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, беш аз 30 нафар маъмурони соҳаи варзиши вилояти Хатлон ширкат карданд.
Масъулони Кумитаи миллии олимпӣ ба иштирокчиён дар мавзуъҳои гуногун, мисли тартиби баргузории мусобиқаҳо, таҳия кардани тақвими чорабиниҳои варзишӣ, вазифа ва сохтори Кумитаи байналмилалии олимпӣ, системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ, намудҳои олимпии варзиш, масъалаҳои допинг, ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон маърӯза хонданд.
Мақсад аз баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ, огоҳ кардани масъулони соҳа дар минтақаҳо бо тарзи дурусти интихоби варзишгарон, баргузории зина ба зинаи мусобиқаҳои варзишӣ, мудирияти ташкилотҳои варзишӣ ва ташвиқу тарғиби ҳаракати олимпӣ иборат мебошад.
Баргузории чунин семинарҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба нақша гирифта шудааст.