14.03.2020
: 1237
14 март дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба истиқболи иди Наврӯз дав ва марафони велосипедронӣ доир шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади рушду омавияти варзиш ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар шаҳри Душанбе дар марафони вилосипедронӣ зиёда аз 850 нафар ва дар дави навӯзӣ зиёда 7000 нафар иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон диплом ва сипоснома тақдим гардид.