Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КБО: Бозиҳои олимпии Токио дар вақташ доир мешавад

18.03.2020

: 91

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) изҳор намуд, ки барои қабул кардани ҳар гуна қарорҳои радикалӣ дар робита ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии имсола дар пасманзари авҷи вируси корона дар ҷаҳон ниёз нест.  

Изҳоротро КБО пас аз ҷаласаи видеоӣ бо федератсияҳои байналмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ 17 март нашр кард ва таъкид намуд, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад, новобаста ба он ки бо сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ барҳам ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.
КБО иқрор шуд, ки дар масъалаи мусобиқоти интихобӣ бинобар паҳн шудани вирус ба мушкил дучор омадааст. Дар умум, аз 11000 варзишгаре, ки бояд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунанд, 57 дар садаш маълум гардидааст. КБО дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байналмилалӣ барои интихоби 43 дар сади боқимонда талош мекунанд. Дар ин робита КБО гуруҳи махсусро ташкил кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба системаи интихобӣ аз номи Кумитаи иҷроияи КБО қарори фаврӣ қабул кунад.
Истифодаи радабандиҳо ва натиҷаҳои таърихии варзишгарон барои ба даст овардани роҳхат ба Токио-2020 яке аз чораҳое ҳаст, ки мумкин аст истифода шавад. Ба федератсияҳои байналмилалӣ низ иҷозат дода мешавад, ки муҳлати интихобиро тамдид кунанд.
КБО эълон кард, ки масъалаи кам кардани квотаҳо барои варзишгарон дар ҳолатҳои истисноӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳад шуд.
КБО аз тағйирот дар системаи интихобии олимпӣ аввали моҳи апрел хабар медиҳад.
“КБО мисли қабл барои баргузории Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мутақоид аст, зеро то оғози бозиҳо 4 моҳ вақт ҳаст ва ҷиҳати қабули қарор дар ин робита зарурат нест, - омадааст дар изҳорот. - КБО аз ҳамаи варзишгарон даъват мекунад, ки ҷиддӣ ва беҳтар ба бозиҳо омодагӣ бинанд”.