Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдочиёни тоҷик дар “Dusseldorf Grand Slam” ширкат мекунанд

20.02.2020

: 179

21-23 феврал мусобиқаи байналмилалии “Dusseldorf Grand Slam 2020” аз силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 11 нафар барои иштирок дар мусобиқаи мазкур ба Олмон сафарбар гардиданд:
1. Мирзозода Муҳаммадаюб (-60кг)
2. Абдуллоев Ҷамолиддин (-66кг)
3. Маҳмадбеков Сомон (-73кг)
4. Хоҷазода Беҳрӯз (-73кг)
5. Муродов Акмал (-81кг)
6. Назаров Ҳақназар (-81кг)
7. Устопириён Комроншоҳ (-90кг)
8. Икромов Сиротулло (-90кг)
9. Саидов Саидҷалол (-100кг)
10. Маҷидов Хуршед (-100кг)
11. Мирмамадов Шакармамад (+100кг)

Дар мусобиқа 718 варзишгар (427 мард, 291 зан) аз 120 давлат иштирок хоҳанд кард. Тибқи низомномаи мусобиқа рӯзи аввал – 21 феврал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат мегирад. Рӯзи дуюм – 22 феврал мардони вазнашон -73кг, -81кг, бонувони вазнашон -63кг, -70кг барои ҷоизаҳо талош мекунанд. Дар рӯзи сеюм – 23 феврал мо шоҳиди ҳунарнамоии сангинвазнҳо: -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон хоҳем шуд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал соҳиби ҷоизапулӣ мегарданд: барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, варзишгарон имкон доранд соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ ва ҷаҳонӣ беҳтар намоянд.
Сипас, аз 24 то 27 феврал варзишгарон дар шаҳри Дусселдорфи Олмон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар намуди дзюдо варзишгарон тариқи радабандии олимпӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Дар асоси радабандии олимпӣ, ки 1 июн нашр мешавад, 22 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ (аз ҳар кумитаи олимпӣ як нафар) имкон пайдо мекунанд, ки дар Олимпиада иштирок намоянд.

Дар акс Сомон Маҳмадбеков бо паҳлавони Гурҷистон Шавдатуашвилӣ дар Гранд Слами Дусселдорф-2019