Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Натиҷаи даври якуми Ҷоми ФФТ-2020

22.02.2020

: 53

21 феврал бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гашт.

Дар гурӯҳи “А” дастаи КМВА бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Ҳар се гол дар нимаи аввал зада шуд. Бозингари тими артиш Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 16 ҳисобро кушод. Баъд аз 16 дақиқа Илҳом Баротов ҳисобро баробар кард. Голи ғалабаоварро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввали бозӣ зад.
Дар бозии дигари гурӯҳ “Равшан” дастаи “Локомотив-Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Голи ягонаро Далер Чолов дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд.
Дар гурӯҳи “Б” “Хатлон” ба дарвозаи “Куктош” 4 голи беҷавоб зад. Нуриддин Ҳамроқулов 2 гол, Сорбон Авғонов, Эҳсон Бобоев якголӣ ба номашон сабт намуданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” – “Эсхата” бо пирӯзии футболбозони Душанбе (2:1) анҷом ёфт. Бозингари “Душанбе” Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 11 ҳисобро боз кард, ҳамдастааш Парвиз Ҳомидов пас аз 6 дақиқа ҳисобро афзуд. Голи “Эсхата”-ро Мубинҷон Муъминов дар дақиқаи 71 зад.

Тақвими бозиҳои оянда

2-юм давр
23 феврал (якшанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Куктош». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
15:00 – «Хатлон» – «Эсхата». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ

24 феврал (душанбе)
11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Равшан» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

3-юм давр
25 феврал (сешанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Куктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26 феврал (чоршанбе)
10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал
28 феврал (ҷумъа)

11:00 – 1 "А" – 2 "Б"
15:00 – 1 "Б" – 2 "А"

1 март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

15:00 – Финал