Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ ҷамъбаст гардид

20.02.2020

: 96

Бо баргузории як чорабинии фарҳангӣ дар Маҷмааи варзишии “Борбад” Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпии Ҳамбастагии олимпӣ ҷамъбаст гардид.

Барнома бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе миёни хонандагони 10 муассисаи таълимии пойтахт дар ду давра амалӣ гардид.
Дар даври аввал 13-16 январ зимни семинари омӯзишӣ 20 нафар (10 писар, 10 духтар) хонандаи 10 муассисаи таълимии пойтахт доир ба асосҳои ҳаракати олимпӣ омӯзиш диданд. Ин 20 нафар дар даври дуюм дар муассисаҳои таълимиашон ба хонандагони синфҳои болоӣ аз таърихи бозиҳои олимпӣ, асосҳои олимпизм, ҳаракати олимпӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон дарс гуфта, бозиҳои гуногуни варзишӣ ва интелектуалӣ доир намуданд.
Ба иттилои роҳбари барнома, мутахассиси Бахши коргузорӣ ва таҳлилу иттилооти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маҳина Муллоева, дар доираи барнома беш аз 3000 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуда, дар тарғиби ҳаракати олимпӣ саҳм гузоштанд. Ба ҳамаи муассисаҳо таҷҳизоти варзишӣ, мисли тӯби футбол, волейбол, баскетбол, тахтаи шоҳмот, ракеткаи бадминтон ва ғайра, ҳамчунин ба ҳамаи иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва дастурамали омӯзишӣ оид ба ҳаракати олимпӣ, ба директорони муассисаҳо бошад, “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар чорабинии ҷамъбастӣ миёни хонандагон доир ба Бозиҳои олимпӣ ва ҳаракати олимпӣ маҳфили саволу ҷавоб сурат гирифт.