Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Нокомии “Хуҷанд” дар бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми КФО-2020

19.02.2020

: 66

Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи футболи “Хуҷанд” дар бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 аз “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд.

Бозӣ 19 феврал дар варзишгоҳи “Курманбек”-и Ҷалолобод (Қирғизистон) доир гашт. Голи ягонаро легионери украинии “Нефтчӣ” Александ Игнатенко дар дақиқаи 50 ба ҳадаф расонд.
Бозии ҷавобии дастаҳо 26 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ғолиби ин ҷуфт ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳхат мегирад ва дар гурӯҳи “D” ҳамроҳ бо тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.