Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сомон ва Беҳрӯз дар Гранд Слами Париж ҳафтум шуданд

10.02.2020

: 1775

Паҳлавонони шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – Гранд Слами Париж ҷои ҳафтумро ишғол карданд.

Мусобиқа 8-9 феврал бо иштироки 680 варзишгар (405 мард, 275 зан) аз 115 давлат дар шаҳри Парижи Фаронса доир гашт. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар мусобиқа ширкат карданд. Натиҷаи беҳтарини паҳлавонони мо ду ҷои ҳафтум мебошад.
Дар вазни -73кг Сомон ва Беҳрӯз гуштин гирифтанд. Беҳрӯз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Самоа Виллиам Тай Тин, дар даври сеюм бар намояндаи Фаронса Тео Риқуин, дар даври чорум бар варзишгари Олмон Шамил Дзавбатиров ғалаба карда, дар чорякфинал аз Соиши Ҳашимотои ҷопонӣ, ки ғолиби ин вазн гардид ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари дигари Ҷопон Масаши Эбинума мағлуб шуда, ҷои ҳафтумро ишғол кард.
Сомон аз даври аввал қувваозмоиро шуруъ карда, бар варзишгарони Португал (Ҷорге Фернандес), Белгия (Дирк Ван Тичелт), Монтенегро (Никола Гардасевич), Миср (Муҳаммад Муҳйелдин) дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Узбекистон Ҳикматулло Тураев, ки ҷои сеюмро сазовор шуд, мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро ишғол намуд.
Се варзишгари дигарамон дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Ҷопон бо ба даст овардани 3 медали тилло, 5 нуқра, 5 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол карданд. Фаронса бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 1 тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро сазовор шуданд. Умуман, варзишгарони 23 давлат соҳиби медал гардиданд. Тоҷикистон бо ду ҷои ҳафтум миёни 115 давлати иштирокчӣ дар ҷои 30-юм мавқеъ гирифт.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал соҳиби ҷоизапулӣ шуданд. Барои ҷои якум 5000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 3000 доллар, ду ҷои сеюм 1500-долларӣ ҷудо шуд. Варзишгарон, ҳамчунин соҳиби холҳои олимпӣ гардида, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намуданд. Аз ҷумла, варзишгарони мо Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода 260-холӣ гирифтанд. Комроншоҳ Устопириён, ки як ғалаба ба даст овард, соҳиби 100 хол гашт. Ба Акмал ва Шакармамад 10-холӣ насиб гашт.